Бонки Эсхата ғолиби озмуни ҷумҳуриявии “Беҳтарин содироткунандаи Тоҷикистон” гардида, дар номинатсияи «Беҳтарини инфрасохтори содироткунанда» ҷоизаро соҳиб шуд.

Озмун аз ҷониби Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади иҷрои нишондиҳандаҳои Барномаи давлатии рушди содироти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2021, №169 қабул гардидааст, ташкил карда шуд.

Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони озмун 28 ноябри соли 2022 дар толори меҳмонхонаи “Hyatt Regency Dushanbe” баргузор гардид. Зиёда аз 60 субъектҳои ватанӣ сарфи назар аз шакли моликият, ки ба содироти маҳсулот, кор ва хизматрасонӣ машғуланд, дархост пешниҳод намуданд.

Беҳтарин содироткунандагон аз рӯи номинатсияҳои дахлдори Қоидаҳои муқаррарнамудаи Озмун интихоб гардида, ба ғолибон ҷоиза ва сертификати Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин содироткунандаи Тоҷикистон» тақдим карда шуд.

Дар маросими ҷоизасупорӣ Бонки Эсхатаро Фирдавс Муллобоев, менеҷери калони корпоративӣ намояндагӣ кард.

Бояд қайд кард, ки Бонки Эсхата дар самти содироти Тоҷикистон, бо пешниҳоди қарзҳои имтиёзнок ба корхонаҳои кишвар дастгирии молиявӣ мерасонад. То имрӯз зиёда аз 500 корхонаи бузурги кишвар аз ҷониби Бонки Эсхата маблағгузорӣ шудааст.

Ҳамин тариқ, Бонк дар татбиқи Барномаи давлатии рушди содироти Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат намуда, дар вусъат додани муомилоти тиҷорати беруна ва рушди фаъолияти корхонаҳои истеҳсолӣ, ки ба содироти маҳсулот нигаронида шудааст, мусоидат менамояд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here