Дар арафаи Соли нав пешсафи ҷаҳонии соҳаи пардохтҳои электронӣ низоми байналмилалии пардохтии VISA Бонки Эсхатаро бо тақдими ҷоизаҳо дар номинатсияҳои «Best marketing communication” (беҳтарин муоширати маркетингӣ) ва «Driving cashless together» (якҷоя барои пардохтҳои ғайринақдӣ) мукофотонид.

Барои Бонки Эсхата ин ҷоизаи муҳими фаъолият дар самти маркетинг ва пардохтҳои ғайринақдӣ мебошад, ки барои ин бояд ба мизоҷони худ изҳори сипосмандӣ баён намоем.

Ташаккур ба шумо барои истифода намудани корти VISA аз Бонки Эсхата ва иштироки фаъолона дар аксияҳои мо. Қобили зикр аст, ки дар соли 2022 теъдоди дорандагони кортҳои VISA-и Бонки Эсхата беш аз ду баробар афзоиш ёфтааст.

Ин нишондиҳандаи хуби фаъолияти Бонк дар самти рушди пардохтҳои ғайринақдӣ ҳам дар дохили кишвар ва ҳам дар хориҷи кишвар мебошад.

«VISA яке аз шарикони боэътимоди байналмилалии Бонки Эсхата мебошад, ки ҳамарӯза мардумро бо кӯмаки ҳалли инноватсионии пардохт мепайвандад.

Мо ба дастаи касбии VISA барои ҳамкории судманд дар соли 2022 изҳори сипос мекунем ва интизори татбиқи муштараки идеяҳо ва лоиҳаҳои нав, инчунин пешниҳодҳои ҷолиб барои мизоҷон дар соли 2023 ҳастем», – гуфт Носир Орипов, Директор оид ба рушди тиҷорати Бонки Эсхата.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here