Дар охири соли 2021 Бонки Эсхата дар доираи барномаи мусоидат ба тиҷорат бори дигар бо ҷоизаи “Фаъолтарин бонк – эмитент дар Тоҷикистон” аз ҷониби Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР) сарфароз гардид. Имсол ин чорабинӣ аз 9 то 12 май дар Марокко баргузор шуд.

Пас аз ду соли чорабиниҳои фосилавӣ, Марокко ва БАТР барои баргузории ин чорабинии муҳим якҷоя шуданд. Бизнес – форуми  серӯза дорои як барномаи  пурмазмун мебошад, ки барои ҷалби иштирокчиёни барҷаста аз саросари ҷаҳон, аз мансабдорони пешбари давлатӣ то роҳбарони молия ва корпоративӣ, соҳибкорон, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва васоити ахбори оммаи байналмилалӣ равона карда шудааст.

«Ман хеле хушнудам, ки ба шумо расман хабар диҳам, ки Бонки Эсхата ҷоизаи БАТР «Фаъолтарин бонк – эмитент дар Тоҷикистон 2021»-ро сазовор шудааст. Мо якҷоя дар давоми ду соли охир бо мушкилоти зиёд рӯ ба рӯ шудем, аммо ба он нигоҳ накарда, тиҷорати байналмилалиро дастгирӣ кардем ва мо беш аз ҳарвақта бо камоли хушнудӣ ба шумо ин ҷоизаро тақдим мекунем. Барои устувори ва меҳнати софдилонаи Шумо изҳори сипосмандӣ баён менамоем!” – гуфт Олга Компаниетс, сарбонкдори Барномаҳои TFP Барномаи маблағгузории тиҷоратӣ.

Бонки Эсхата то ба имрӯз ягона бонк – дорандаи ҳашткаратаи ҷоизаи “Фаъолтарин бонк – эмитент дар Тоҷикистон” мебошад. Ин як дастоварди бузург барои дастаи Бонки Эсхата ва боз як такони ҷиддӣ баҳри пешравии минбаъда мебошад. Бонки Эсхата аз соли 2004 инҷониб дар доираи Барномаи маблағгузории тиҷоратии БАТР мизоҷони худро дар муомилоти тиҷорати байналмилалӣ бо шартҳои имтиёзнок: содирот ва воридоти молҳо, кумак дар интиқоли таҷҳизот аз кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Аврупо ва Осиё дастгирӣ намуда, бо пешниҳоди хизматрасониҳои машваратӣ таъмин манамояд.

Лоиҳаи мазкур барои рушди маблағгузории тиҷорат дар Тоҷикистон имконият фароҳам оварда, ба рушди соҳибкорони кишвар тавассути пешниҳоди аккредитив, кафолатҳои бонкӣ ва қарзҳои тиҷоратӣ мусоидат мекунад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here