ҶСК «Бонки Эсхата» (минбаъд – Бонки Эсхата) аввалин муассисаи молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гардид, ки дар доираи барномаи маблағгузории тиҷорати Бонки Осиёии Рушд (минбаъд БОР) мақоми бонки тасдиқкунандаро гирифтааст.
Ин хушхабар аст дар рӯзи таҷлили зодрӯзи Бонки Эсхата. Созишнома дар бораи додани мақоми бонки тасдиқкунанда байни БОР ва Бонки Эсхата санаи 15-уми ноябри соли 2023 ба имзо расид.
Ин чӣ маъно дорад?
Ин маънои онро дорад, ки Бонки Эсхата ҳамчун бонки тасдиқкунанда баромад карда, уҳдадориҳои пардохтии бонк ё харидори хориҷиро ба фоидаи содироткунанда/воридоткунанда бо ҷуброни минбаъдаи маблағ аз контрагентҳои хориҷӣ иҷро мекунад. Ҳамин тариқ, бенефитсиар кафолати пардохти дукаратаро пайдо менамояд.
Бояд қайд кард, ки тасдиқи аккредитив ва кафолатҳо ҳангоми хизматрасонии содиротӣ-воридотии амалиётҳои мизоҷон бо истифода аз воситаҳои маблағгузории тиҷорати кӯтоҳмуддат тавассути тасдиқи аккредитив ва кафолатҳои аз ҷониби бонкҳои хориҷӣ аз номи воридоткунандагон/содиркунандагон баровардашуда амалӣ мегардад.
БОР дар доираи барномаи “Маблағгузории Тиҷорат” ба бонкҳои тиҷоратии байналмилалӣ кафолат медиҳад (ба бонкҳои тасдиқкунанда). Дар ин ҳолат, Бонк хавфҳои пардохти сиёсӣ ва тиҷоратиро барои муомилоти аз ҷониби бонкҳои иштироккунанда (бонкҳои эмитент) дар кишварҳои амалиётии БОР анҷомдодашуда ба дӯш мегирад.
Тавре муовини сардори Департаменти молияи Бонки Эсхата Далер Содиқов қайд кард, тасдиқи Бонки Эсхата дар доираи кафолатҳои БОР метавонад барои таъмини пардохти воситаҳои зерин истифода шавад:
– аккредитивҳои ҳуҷҷатӣ, аккредитивҳои захиравӣ барои муомилоти тиҷоратии аз ҷониби бонкҳои эмитентӣ пешниҳодшуда, пардохтҳои батаъхиргузорӣ аз рӯи аккредитивҳо ва ғ.;
– тасдиқ ва дисконти аккредитиви содиротӣ дар ҳолати таъхири пардохт аз ҷониби содироткунанда;
– кафолати пешпардохт ва дигар намудҳои кафолатҳои пардохт;
– кафолатҳои иҷрои уҳдадориҳо ва дигар кафолатҳои шартномавӣ.
Бонки Эсхата аз соли 2012 ба ҳайси бонки эмитент дар доираи Барномаи маблағгузории тиҷорати БОР ба қайд гирифта шудааст. Тибқи созишномаи нав аз 15-уми ноябри соли 2023, Бонк мақоми Бонки тасдиқкунандаро соҳиб шудааст. Фарогирии барнома зиёда аз 200 бонкҳои тасдиқкунандаи 90 кишвари ҷаҳонро дар бар мегирад.
Бонки Эсхата: «Бо ҳам ба сӯи комёбиҳо!»