Барои соли 2021 маблағи пардохти фоизҳо аз рӯи пасандозҳо дар Бонки Эсхата 60 млн.сомониро ташкил дода, афзоиши сандуқи қарзӣ 30% ташкил кард. Дар ин давра пасандозгузорони мо бо кушодани пасандозҳои амонатӣ ва муҳлатнок маблағҳои худро ба бонк бовар карданд. Ва ин як манбаи иловагии даромади мизоҷон, инчунин роҳи сарфа ва афзун намудани маблағҳои онҳо гардид.

Бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) аз санаи 26.01.2022с. Бонки Эсхата бори дигар ҳамчун бонки низомсоз эътироф гардид, ки ин яке аз меъёрҳои муҳими таъмини эътимоднокии баланди амонатгузорон мебошад. Бонк дар сегонаи бонкҳои пешсафи кишвар қарор дорад ва ҳамасола аз ҷониби оҷонсии байналмилалии рейтинги Moody’s Investors Service бо баҳои B3 ҳамчун бонки устувор рушдкунанда баҳогузорӣ карда мешавад. Дар ин бора ҳисоботи молиявии бонк низ https://www.eskhata.com/tj/about/reports/annual_balance.php шаҳодат медиҳад.

Инчунин, Имрӯз фаъолияти Бонки Эсхата ба стандартҳои идоракунии корпоративӣ мувофиқат мекунад. Шӯрои Нозирони Бонк ва равандҳо аз ҷониби Корпоратсияи Байналмилалии Молиявӣ (IFC) баҳогузорӣ карда шудааст. Ба ҳайати Шӯрои Нозирон ва Раёсати Бонк аъзоёни нави мустақил – коршиносони байналмилалӣ шомил шудаанд.

Пасандозҳои мизоҷон тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ» суғурта карда мешаванд.

Мизоҷон метавонанд бе ташриф ба бонк тавассути барномаи мобилии “Эсхата Онлайн”  http://eskhata.com/online  ё дар наздиктарин филиали Бонки Эсхата пасандоз кушоянд ва суратҳисоби онро пур намоянд. Инчунин мизоҷон метавонанд барои пуркардани суратҳисоби худ аз терминалҳои пардохтии Бонки Эсхата истифода баранд.

Шумораи кушодани суратҳисоби пасандозӣ метавонад номаҳдуд бошад. Одатан, пасандозҳои муҳлатнок давраи муайяни пуркунӣ доранд, ки дар ин ҳолат мизоҷ метавонад суратҳисоби нави пасандозӣ кушояд ва онро мунтаззам пур карда истад. Бисёре аз мизоҷони мо аз ин имконият бомуваффақият истифода мебаранд ва дар суратҳисоби нав нигоҳдорӣ ва зиёд кардани маблағро идома медиҳанд.

Дар сурати танҳо як муддати муайян бекормондани пул, шумо метавонед онро муваққатан дар суратҳисоби Озод ҷойгир кунед. Суратҳисоби пасандозии “Озод” барои ҷамъ намудани маблағ дар намуди ҳамён баромад мекунад, зеро ягон маҳдудият барои пур кардан ва бозхонди маблағ дар вақтҳои дилхоҳ мавҷуд нест. Бояд қайд кард, ки аксарвақт, мизоҷони мо аз ин намуди суратҳисоб барои нигоҳдорӣ ва ҷамъкардани маблағи даромад истифода мебаранд, ки дар вақти дилхоҳ ва бидуни аз даст додани фоизи ҳисобшуда боз ба даст оранд. Суратҳисоби пасандозиро метавонед бо истифода аз бонки мобилии «Эсхата Онлайн» пур карда, тавассути корти бонкӣ аз наздиктарин банкомат гиред.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь