Дар Тоҷикистон миссияи Бонки Ҷаҳонӣ барои дастгирии татбиқи Лоиҳаи фавкулоддаи муковимат ба сирояти коронавируси COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (TEC-19), ки ҳадафи он баррасии дастовардҳо ва мушкилоти марбут ба ҷанбаҳои лоиҳа, ба мисли фаъолиятҳои техникӣ дар доираи ҷузъҳои асосии лоиҳа, мониторинги пешрафти лоиҳа, идоракунии молиявӣ ва харид ва татбиқи чораҳои экологӣ ва иҷтимоӣ, аз ҷумла механизми баррасии шикоятҳо мебошад, идома дорад.

Диққати махсуси миссияи Бонки ҷаҳонӣ ба масъалаҳои татбиқи самараноки чорабиниҳои лоиҳавӣ дар ноҳияҳои дурдасти ҷумҳурӣ нигаронида шудааст. Аз ҷумла, дар ҷараёни сафар ба водии Рашт, ки  ба наздики ба вукуъ пайваст,  намояндагии Бонки Ҷаҳонӣ бо раиси ноҳияи Файзобод Бобишо Холзода мулоқот анҷом дода, аз рохбари нохия дар бораи вазъи эпидемиологии минтақа ва сатҳи баланди эмгузаронӣ дар байни ахолии чамоатхо бар зидди сирояти коронавирус маълумот гирифт.  Намояндагони Бонки Ҷаҳонӣ аз беморхонаи клиникии вилоят, Маркази саломатӣ ва Маркази иммунопрофилактикаи ноҳияи Файзобод дидан карданд.

Ҳайати миссия дар минтақаи Рашт аз Беморхонаи марказии ноҳияи Рашт, Маркази минтақавии ҳамоҳангсозии кӯмаки суроғавии иҷтимоӣ ва дигар муассисаҳое, ки аз соли 2020 аз Бонки ҷаҳонӣ кумаки молӣ ва техникӣ мегиранд, дидан кард. Пас аз баррасии натиҷаҳо дар маҳал, намояндагӣ ба вазъи хизматрасонии тиббӣ баҳои мусбат дода, ҳавасмандии худро дар идомаи ҳамкорӣ ҷиҳати беҳтар намудани кори минбаъдаи муассисаҳои тиббӣ, бахусус дар самти таҷҳизонидани техникии беморхонаҳо ва таҳкими иқтидори реаниматсия ва реабилитация изхор кард.

Бояд едовар шуд, ки Лоиҳаи TEC-19 кӯшишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои муковимат ба пандемияи COVID-19 дастгирӣ мекунад. Ба туфайли дастгирии молиявии Бонки Ҷаҳонӣ ваксинаҳои COVID-19 дастраси сокинони кишвар гардиданд, системаи тандурустии терапияи интенсиви дар 10 беморхона мустаҳкам карда шуд, ба зиёда аз 214 000 хонаводаҳои осебпазир кӯмаки якдафъаина расонида шуд ва тадбирҳои муҳим барои таҳкими иртибот ва фарогирии аҳолӣ дар робита ба COVID-19 дастгирӣ карда мешаванд.. Лоиҳа инчунин ба таҷҳизоти коркади оксиген барои 15 беморхона сармоягузорӣ хоҳад кард.

Дар маҷмуъ Бонки Ҷаҳонӣ  тавассути Лоиҳаи TEC-19 ба Ҷумҳурии Тоҷикистон 57,5 миллион доллари ИМА маблаг ба тарики грант чудо кард.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь