Бонкҳои минтақаи Бохтари вилояти Хатлон дар шаш моҳи соли ҷорӣ 1,5 млрд  сомонӣ қарз доданд, ки ин нисбати ҳамин давраи соли гузашта 269,6 миллион сомонӣ зиёд аст. Дар ин бора Фирдавси Самадзода, мудири шуъбаи минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон дар минтақаи Бохтари вилояти Хатлон, иттилоъ дод.

Гуфта шуд, ки аз ин қарзҳо ба соҳаи кишоварзӣ 25,1 дарсад, саноат 4,6 дарсад, сохтмон 31,1 дарсад, хизматрасонӣ 7,8 дарсад истењсолот 47, 9 дарсад ва боқї ба дигар соҳаҳо равона карда шудааст.

Иттилоъ дода шуд, ки дар ин давра барои вусъати ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ дар мағоза, тарабхона, нуқтаҳои фуруши сузишворӣ ва дигар субъектҳо 914 адад постерминал ва 1736 адад QR-рамзҳо насб карда шуда, тавасути онҳо 3,3 млн пардохт ба маблағи 2,3 млрд сомонӣ амалиёт анҷом дода шудааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь