Раиис шаҳри Бохтар имрӯз дар нишасти хабарӣ гуфт, ки дар маркази маъмурии вилояти Хатлон-шаҳри Бохтар то ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатии кишвар бунёди 270 адад бинову иншооти таъиноташон гуногун ба нақша гирифта шуданд, ки дар шаш моҳи соли ҷорӣ 10 адади он сохта ба истифода дода шудаст.

Саломзода Сиҷоуддин, раиси шаҳри Бохтар, дар нишаст ҳамчунин қайд кард, ки аз иншооти ба нақшагирифта шуда то соли 2026, яъне 35-солагии истиқлол 17 корхонаи саноатӣ,  64 бинои истиқоматии баландошёна, 59 маркази савдо, 16 иншоот дар соҳаи маориф, 5 иншоот дар соҳаи тандрустӣ мебошанд.

Қайд гардид, ки инчунин 58 истгоҳ, таъмири 10 километр роҳ, 5 иншооти соҳаи фарҳанг ва варзиш, 3 иншооти соҳаи обтаъминкунӣ ва 18 адад дигар биною иншоот сохта хоҳанд шуд.

Дар шаш моҳи соли ҷорӣ дар шаҳр се коргоҳи истеҳсолӣ – ҶДММ “Халили Иброҳим”, ҶДММ “Баракати истиқлоли диёр” ва ҶДММ “Деҳаи ман” таъсис дода шудаанд, ки тавассути онҳо 27 ҷойи нави корӣ фароҳам гардидаст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь