Рӯзи 25 марти соли ҷорӣ дар варзишгоҳи Пахтакори шаҳри Бохтар бо ташабуси роҳбари ҶСК “Ресандаи Қӯрғонтеппа”-и шаҳри Бохтар Нусратулло Файзуллоев мусобиқаи куштии миллӣ баргузор гашт.

Ҷоизаҳои асосии  куштӣ се автомашина, ду шутур, асп, чорво ва лавозимоти рӯзгрор буданд.

Дар куштӣ паҳлавонони варзидаи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон иштирок ва қувваозмоӣ карданд.

Мадина, паҳлавондухтар аз ноҳияи Восеъ, дар ин куштӣ маҳорати хуб нишон дода, шаш рақиби худро, ки писар буданд, дар сонияҳои аввали қувваозмоӣ шикаст дода, соҳиби як гов, 5000 ҳазор сомонӣ ва дигар тӯҳфаҳо гардид.

Шоҳҷоизаҳои куштии шаҳри Бохтар автомашинаро Темур Раҳимов ва Шодмон Ризоев соҳиб шуданд.

Шоҳҷоизаи сеюм, автомашинаеро, ки касе соҳиб нашуд, ба Раёсати корҳои дохилаи вилояти Хатлон тӯҳфа карда шуд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь