МИҲД-и шаҳри Бохтар ба ҷалби сармояҳои хориҷӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намуда, ҳоло дар шаҳр 9 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи умумии 74, 6 млн доллари ИМА амалӣ шуда истодааст.
Аз МИҲД-и шаҳр иттилоъ доданд, ки аз онҳо 2 лоиҳа дар соҳаи тандурустӣ, 1 лоиҳа дар соҳаи энергетика, 3 лоиҳа дар соҳаи нақлиёт, 2 лоиҳа дар соҳаи маориф ва 1 лоиҳа оид ба рушди деҳот мебошанд. Инчунин, ба маблағи 18 миллиону 128 ҳазор доллар сармояҳои хориҷӣ ҷалб карда шудаанд, ки аз ин 2 миллиону 887 ҳазор доллар сармояи мустақим мебошад.
Дар баробари ин, дар доираи 5 лоиҳаи сармоягузорӣ, аз ҷумла 1 адад сармояи мустақим дар самти таъмини бехатарии ҳаракати нақлиёт, таҷдиди қубурҳои обу корез, бунёди муассисаҳои нави таълимӣ ва варзишӣ ба маблағи умумии зиёда аз 20 миллион сомонӣ созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонида шудааст.
Ҷиҳати тақвият бахшидани корҳо дар самти ҷалби сармояи мустақим барои бахшҳои саноати коркард ва то 10 фоиз расонидани ҳаҷми сармоягузории мустақим нисбат ба маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар маркази диққати мақомоти иҷроия қарор дошта, дар ин давра ба соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти шаҳр 4,1 миллион доллар сармояи хориҷӣ ворид гардида, дар маҷмӯъ 13,9 миллион долларро дар бар мегирад, ки аз ин 2,4 миллион доллар сармояи мустақим мебошад. Сармояҳои хориҷӣ асосан аз давлатҳои Англия, Корея, Швейтсария, Белгия, ИМА, Канада, Олмон, Сингапур ва Хитой буда, тавассути 7 ширкат, аз ҷумла 2 адад коммуналӣ (КВД «Хоҷагии коммуналӣ» ва КВД «Бохтарнақлиётхизматрасон») ва 5 адад хусусӣ (ҶДММ «Фуруз», «Кота Глобал», «Қамар тавар», «Ҳунар-41» ва «Зулол Фарм») амалӣ гардидааст.