Фонди бадеии шаҳри Бохтар, ки дар маркази шаҳр ҷойгир буда, дар зебоӣ ва ободонии бинову корхонаҳои сатҳи вилоят саҳм мегузорад, худ бинои дар ҳоли хароб  ва таъмиртталаб дорад, ки ин ҳол кормандони шуъбаро ба ташвиш овардааст.

Раҳимҷон Ҳамдамов, рассоми халқии Тоҷикистон ва мудири Фонди бадеии шаҳри Бохтар аз ҳолати кунунии бинои кории худ изҳори нигаронӣ намуда, зикр дошт, ки корашон хубу серталаб аст, вале бинои хурду бетаъмир ва шароити маҳдуд барояшон имкони фаъолияти бештарро намедиҳад.

– Бинои кории мо, ки ҳаҷман хурд ва таъмирталаб аст, дар фаъолияти мо маҳдудият эҷод мекунад. Ин бино аз як ошёна иборат буд. Мо бо ҳамкорон ошёнаи дуюмро аз ҳисоби худ сохтем, ки ин ҳам ба талабот ҷавобгӯ нест. Айни ҳол мо мувофиқи имконият биноро таъмир мекунем, вале натиҷааш то ҳадди лозим нест. Барои кори хубу беҳтар мо ба бинои наву замонавӣ ниёз дорем, – изҳор дошт Раҳимҷон Ҳамдамов.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь