24-уми ноябр ба муносибати Рӯзи парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми шаҳру навоҳии вилояти Хатлон, аз ҷумла шаҳри Бохтар, ҳамоишҳои бошукӯҳи ҷашнӣ доир гардиданд.

Чунин як ҷамъомади идона дар Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар барпо шуд.

Муовини раиси вилояти Хатлон Фирӯза Шарифӣ ҳозиринро аз номи раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ба ифтихори ин ҷашни фараҳбахш шодбош гуфта, таҷлили Рӯзи парчами давлатиро рамзи арҷгузорӣ ба муқаддасоти давлатӣ ва нишонаи давлатдорию ҳувияти миллии тоҷикон арзёбӣ кард.

Дар ин ҳамоиш муовинони раиси вилоят Акрам Сулаймонзода, Заробиддин Файзуллозода, раиси шаҳри Бохтар Сиҷоуддин Саломзода ширкат варзиданд.

–  Ин рамзи давлатӣ шаҳрвандонро ба зиндагии ором, сулҳу осоиш ва талош ба хотири ҳаёти арзанда, рушду нумӯи ҳаматарафа ва соҳибихтиёрию соҳибдавлатӣ сафарбар менамояд, – зикр гардид дар нутқи табрикии Фирӯза Шарифӣ. – Парчами миллии мо дар радифи Конститутсия, Суруди миллӣ ва Нишони давлатӣ, аз ҷумлаи рамзҳо ва муқаддасоти асосии давлатӣ маҳсуб ёфта, таърихи ба даст овардани он ба фаъолияти мондагори Пешвои муаззами миллатамон пайванди абадӣ дорад. Бинобар ин, мо бояд Парчами давлатиро мисли аҷдодони худ, ҳамчун рамзи ҷовидонии давлатдории миллӣ ҳифз кунем, рӯҳу ҷони худро бо он пайванд созем ва дар ҳама ҳолат барои ҳимояи манфиатҳои давлату миллати хеш таҳти ин ливои муқаддас сарҷамъ бошем.

Муовини раиси вилоят Фирӯза Шарифӣ қайд кард, ки бо дастгириҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи тадбирҳои ҷашнӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар аксар шаҳру ноҳияҳои вилоят сутунпояҳо ва маҷмааҳои Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо гулгаштҳои муосир ва боғҳои фарҳангию фароғатӣ мавриди истифода қарор дода шудаанд.

Пас аз суханронии табрикии муовини раиси вилоят барномаи рангини ҳунарӣ манзури аҳли толор гардид. Ин барнома тараннумгари истиқлол, муқаддасоти миллӣ, хизматҳои мондагори Пешвои миллат ва ваҳдати миллӣ буд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь