20-уми августи соли ҷорӣ дар ҳукумати шаҳри Бохтар рӯзи қабули шаҳрвандон бо раиси шаҳр  баргузор гашт, ки дар он 12 нафар шаҳрванд иштирок карда, аз шаҳрдор дар бораи мушкилоти худ кумак хостанд.

Сокинони шаҳр Бибӣ Ғафурова,  Райҳон Сироҷова ва Муҳаммадсобит Шарипов оид ба ҷудо кардани қитъаи замини наздиҳавлигӣ ба шаҳрдори Бохтар  Саломзода Сиҷоуддин муроҷиат карданд.

Шукрона Холматова, ки имсол ба донишгоҳ дохил шудаст аз раиси шаҳр оид ба  пардохти ҳаққи таҳсил дар донишгоҳ  кӯмак хост ва шаҳрдор гуфт, ки дар мӯҳлати кӯтоҳ ин масъаларо ҳал хоҳад кард.

Наргис Саидова, Ойтило Хоҷаева  ва Маҳбуба Талбакова ба шаҳрдори Бохтар барои ғамхори нисбати сокинон ва дасгири ба маъюбону ятимон миннатдорӣ баён карданд.

Абдулҳаким Бутаев дар масъалаи кӯмаки озуқаворӣ, Давлатбӣ Маҳмадалиева шикоят аз директори мактаби рақами  8 ва Чаман Боймуродова дар бораи гирифтани маълумотнома аз ҷойи кор аз шаҳрдори Бохтар кумак хостанд.

Саломзода Сиҷоуддин дарди дили ҳамаи муроҷиаткунандагонро пурра шунида ба масъулони ташкилоту идораҳои шаҳр супориш дод, ки дар муҳлати кӯтоҳ ба мушкилии онҳо расидагӣ кунанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь