Дар назар аст, ки то соли 2024 дар маркази маъмурии вилояти Хатлон — шаҳри Бохтар маҷмааи варзишии байналмилалӣ бунёд карда шавад.
Сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон Қурбоналӣ Қурбонзода гуфт, сохтмони ин маҷмааи варзишӣ охири соли 2022 оғоз хоҳад шуд.
Иншооти мазкур бо харҷи 72 миллион сомонӣ сохта мешавад, ки дар он майдони футболи хурд, волейбол, ҳавзи шиноварӣ ва майдони футбол барои 30 ҳазор ҷой нишаст дар нақша гирифта шудааст.
Бояд гуфт, ки чунин маҷмааи варзишӣ ҳоло дар минтақаи Бохтари вилояти Хатлон тамоман вуҷуд надорад, аммо дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб шумораи чунин маҷмааҳо зиёданд.
Блоки рекламавӣ