Раёсати Вазорати корҳои дохилаи вилояти Хатлон дар як гузориши видеоии худ сабаби ба қатл расонидани хонандаи синфи дуюми мактаби рақами 8 шаҳри Бохтаро, ки 27 майи соли равон аз ҷониби як зан  рух дода буд, шарҳ дод.

Дар гузориши Раёсати мазкур гуфта шудааст, ки Мадина Ахмедоваи 27-сола, зодаи ноҳиия Кӯшониён, корманди мактаби рақами 8-и шаҳри Бохтар,  ки дар як манзили иҷора дар ин шаҳр зиндагӣ мекард, бо чӣ далел кӯдакро куштаст.

Дар гузориш Раёсат гуфта мешавад, ки гуё хонандаи синфи дуюми мактаби рақами 8-и шаҳри Бохтар аз ҳамёни Мадина 200 сомонӣ пулашро гирифтаст. Аз ин ҳисоб ӯ ба ғазаб омада, кӯдакро бо миёнбанди мардона латукӯб кардааст.

Худи Мадина дар ин гузориш нақл мекунад, ки кӯдакро зада, аз по афтондааст, сипас ба дастшӯӣ бурда, рӯяшро шуста, об додааст.

“Баъд хона овардамаш, кӯдак гуфт почаҳоям дард мекунанд, баъд обаш одам, ки об қуртақашро гирифт, аз ҷойяш хезондам, ки дигар наҷунбид ва аз ҳуш рафт. Баъдан ёрии таъҷилиро занг задам, омад, ки кӯдак мурдааст”, – нақл мекунад Мадина.

Дар гузориши Раёсати Вазорати корҳои дохилаи вилояти Хатлон гуфта шудааст, ки нисбати гумонбар бо модаи 110-и Кодекси ҷиноятӣ парванда оғоз шудааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here