Дар толори МИМҲД-и шаҳри Бохтар бо иштироки раиси шаҳр Муминзод Абдулмаҷид, мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, ташкилоту муассисаҳои шаҳр ва дигар масъулон Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил карда шуд.
Раиси шаҳр зимни суханронии худ аз корнамоиҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нақши ӯ дар рушду нумуи кишвар сухан кард.
Роҳбарияти шаҳр ҳозирин ва дар симои онҳо тамоми мардуми кишваро ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иҷлосияи 16-ум табрику муборакбод намуданд.
Дигар иштирокчиён низ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан карданд.
Дар ин рӯз ғолибони озмуни хонаи беҳтарин, кӯчаи беҳтарин ва маҳаллаи беҳтарин ҷамъбаст гардида, ғолибон бо ифтихорнома ва дигар туҳфаҳо қадрдонӣ шуданд.
Блоки рекламавӣ