Тибқи маълумоти ба дастрасида ва санҷиши пешакии гурӯҳи кории бозори “Фаровон” дар маркази маъмурии вилояти Хатлон-шаҳри Бохтар, ки шаби якуми июни соли ҷорӣ ба коми оташ рафт, сабаби сӯхтор расиши кӯтоҳи ноқилҳо дар яке аз ошхонаҳои ин бозор будааст.
Сӯхтор дар бозори мазкур соати 22-и шаби якуми июни соли ҷорӣ сар зада, барои хомӯш кардани оташ беш аз 25 мошини сухторхомӯшкунӣ сафарбар шуда буданд, ки соати 3-и субҳи дуюми июн сӯхторро хомӯш карданд.
Сӯхтор бештар ба растаҳои қолифурӯшӣ, матоъҳо, телевизор, насимафкан (кондиционер), яхдон, велосипед, либосҳои занонанову мардона, пойафзол ва дигар чизу чораи соҳибкорон зарар расонд.

Бар асари ин сӯхтор 12 нафар ҷароҳат бардошта, аз онҳо 9 нафарашон ба беморхонаи вилоятии Қарияи Боло ба номи Бӯрӣ Воҳидов ва 3 нафари дигар ба беморхонаи шаҳрӣ интиқол дода шуданд. Дар ин бора як манбаъ аз беморхонаи мазкур ба “Фараж” хабар дод.
Ба гуфти манбаъ, аз 9 нафаре, ки ба ин беморхона оварда шудаанд, 7 нафар рухсат шуда, ду нафар ҳоло бистарӣ мебошанд. Табибон вазъи саломатии шаҳрванди 52-солаи шаҳри Бохтар, Маҳмад Сафаровро вазнин арзёбӣ карданд. Ба гуфти масъулони беморхонаи Қаряи Боло, 90 фисади бадани ин шаҳрванд сӯхтааст.
Ҳоло маълум нест, ки чӣ қадар зиён ба соҳибкорон овардааст. Аммо, тибқи маълумоти расида, ҳоло комиссияи махсуси иборат аз намояндагони ниҳодҳои гуногун машғул ба омӯзиши пурраи сабаби сар задани сӯхтор ва ҳаҷми зарари расида мебошанд.
Бояд гуфт, ин бори аввал нест, ки бозори “Фаровон” оташ мегирад. Дар гузашта низ чанд маротибаи дигар дар ин бозор сӯхтор сар зада буд. Ин

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь