Рӯзи 26 январи соли ҷорӣ иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Бохтар Баротзода Файзулло бо сарбозони қисми ҳарбии 07256-и комендатураи ҳарбии горнизони Хатлонро вохӯрда аз шарту шароити хизмат ошноӣ пайдо кард.

Ҳамзамон дар ин рӯз, аз ҷониби шӯъбаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳр ва шӯъбаи маориф  ба сарбозон дастархони идона ороста шуд, аз ҷониби комиссариати ҳарбии шаҳр, бахши кор бо ҷавонон ва варзиш, занон, КИ ҲХДТ дар шаҳри Бохтар ва фарҳанг барномаҳои гуногуни фарҳангӣ ва варзишӣ доир гардид. Як гуруҳ ҷавонон низ дар чорабинӣ ширкат варзида аз шарту шароити хизмат огоҳ шуданд.

Раиси шаҳр Баротзода Файзулло  сарбозону афсарони қисми ҳарбии  мазкурро ба ифтихори 30 -солагии таъсисёбии Қувваҳои муссаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон  табрик гуфта, барои хизмати содиқонаву софдилонаашон дар роҳи хизмат ба ватан изҳори сипос кард.

Сипас,  ҳунармандони бахши фарҳанги шаҳр ба сарбозону афсарони қисми ҳарбӣ барномаи консертӣ пешкаш карданд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь