Қарзи дебитории умумии истифодаи барқи ташкилоту идораҳо ва аҳолӣ аз Шабакаҳои барқи Ҷануб дар минтақаи Бохтар ба 213 миллиону 518 ҳазору 700 сомонӣ рақам мезанад.

Муовини сардори  фуруши барқи Шабакаҳои барқи Ҷануб Ином Ғуломов зимни нишасти матбуотӣ гуфт, аз ҳама бештар қарзи аҳолӣ 55 млн 882 ҳазор сомонӣ, хоҷагиҳои пахтакор беш аз 100 млн, хоҷагиҳои оби минтақа зиёда аз 18 млн,  ташкилотҳои саноатӣ 12 миллиону 999 ҳазор ва хоҷагиҳои комуналӣ 2 милиону 776 ҳазор сомонӣ мебошад.

Гуфта шуд, ки дар ин давра ба 100 корхона барои қарздорӣ идао пешниҳод карда шуд. Дар асоси талаботи даъвогӣ ба суратҳисоби корхона 1 миллиону 698 ҳазор сомонӣ ворид гашт.

Ҳамчунин, дар нишаст гуфта шуд, ки соли гузашта нисбати 9 корхонаи қарздор ба малағи 6 миллиону 563 ҳазор мавод барои чораҷӯӣ ба мақомоти прокуратура пешниҳод карда шуд.

Ҳоло дар Шабакаҳои барқи Ҷануб 62 ҳазору 884 симчӯбҳои пӯсидаву фарсуда вуҷуд доранд, ки  аз онҳо соли гузашта 1622 ададаш бо пояҳои оҳану бетонӣ иваз карда шуданд.

Зикр шуд, ки дар ин давра 1509 санҷиш гузаронида шуда, ба маблағи беш аз 1 миллиону 741 ҳазор сомонӣ санад тартиб дода шудааст.

Танҳо як моҳи соли 2019-ум 500 санад нисбати муштариҳои қонуншикан ба маблағи 500 ҳазор сомонӣ тартиб дода шудааст.

Раҳмоналӣ Додархӯҷаев

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь