Соли ҷорӣ дар муасиссаҳои таълимии шаҳри Бохтар норасоии китобҳои дарсӣ бо забони тоҷикӣ коҳиш ёфтаву норасоии китобҳои дарсӣ дар муассисаҳои таълимии русӣ афзудааст.

Ба иттилои Шарифзода Шаъмигул, мудири шуъбаи маорифи шаҳри Бохтар, барои бартарафсозии мушкилоти норасоии китобҳои дарсӣ дар муассисаҳои таълими шаҳр таъминоти китобҳои дарсӣ ҷараён дошта, китобҳои куҳнаву фарсударо бо китобҳои нашри нав иваз мекунанд. То як андоза мушкилоти норасоии китобҳои дарсӣ бо забони тоҷикӣ  дар муасисаҳои шаҳр бартараф шудаанд, вале мушкилоти асосӣ набудани китобҳои таълимӣ бо забони русӣ аст.

– Дастрас ва таъмини китобҳои таълимӣ барои муассисаҳои таҳсилоти миёнае, ки бо забони тоҷикианд, осон буда, ин мушкилот ҳалшаванда аст, вале муассисаҳои таълимие, ки бо забони русӣ фаъолият доранд, аз надоштани китобҳои таълимӣ танқисӣ мекашанд. Ин китобҳоро аксар маврид аз хориҷа меоранд ва қисмати бештари онҳо фарсуда шудаанду ба талабот ҷавобгӯ нестанд. Қисме аз волидони хонандагон китобҳои таълимии фарзандонашонро аз  мағозаҳои фурӯши китоб дар ҳудуди кишвар мехаранд ва ин китобҳо нав буда, дар фурқш низ камёфтанд, – изҳор дошт Шаъмигул Шарифзода.

Ба иттиллои манбаъ, бартарафсозии қарздории муассисаҳои таълимии шаҳр аз китоб 98% иҷро гардидааст, ки ин барои дастрасии китобҳои наву лозим барои хонандагон мусоидат мекунад, аммо барои бартарафсозии мушкилоти китобҳои таълимии бо забони русӣ нашршуда фурсати зиёд лозим аст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь