Муҷассамаи Қаҳрамони Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуровро соли 2022-юм аз паҳлуи бинои мақомоти маҳаллии шаҳр канда ба замини иншооти хусусӣ, ки айни замон аз ҷониби соҳибмулк таҷдид гардида марказҳои хизматрасонию маишӣ ва биноҳои баландошёна бунёд мегардад, бурда буданд. Айни замон мақомоти маҳаллии шаҳри Бохтар тасмим дорад, ки онро ба ҷойи мувофиқ кучонанд ва ҳоло корҳои сохтмонӣ оғоз шудааст.
Собиқ шаҳрдори Бохтар Саломзода Сиҷоуддин дар яке аз нишастҳои мутбуотии худ аз мувофиқ набудани қаду бари муҷассамаи Бобоҷон Ғафуров ва фарсудагии таҳкурсии он нигарони кардаву онро аз паҳлуи бинои мақомоти маҳаллӣ канда, тандиси навашро, ки ҳайкалтарошон Қиматшо Чоршанбев ва Алиҷон Назаров сохтанд, дар паҳули чапи биноҳи ҳуукумати шаҳри Бохтар, ки замини иншооти хусусӣ аст ва айни замон аз ҷониби соҳибмулк таҷдид гардида марказҳои хизматрасонию маишӣ ва биноҳои баландошёна бунёд мегардад, насб карда буд.
Аммо имрӯз МИМҲД-и шаҳри Бохтар муҷассамаи Бобоҷон Ғафуровро бо сабаби номувофиқ будани ҷой ва дар паҳлуи он бунёд шудани бинои баландошёна ба назди бинои Қасри фарҳанг ва маркази иттилооти шаҳри Бохтар ва Муассисаи давлатии осорхонаи таъриху кишваршиносии вилояти Хатлон ба номи «Авасто» мебарад.
Сармеъмори шаҳри Бохтар Икром Юсупов гуфт, ки дар қафои муҷассамаи Бобоҷон Ғафуров сохтмон ба нақша гирифта шуда, рузҳои наздик бояд оғоз шавад. Бо сабаби корҳои сохтмонӣи ва зарари он ба ин муҷассама аст, онро ба ҷойи хубтару беҳтар мекӯчонанд.
Муҷассамаи пешинаи Бобоҷон Ғафуров ҳамагӣ 3,5 метр баландӣ дошт ва муҷассамаи наваш, ки ҳоло дар паҳлуи чапи ҳукумтаи шаҳр қомат афрухтааст 5 метр баландӣ доранд ва симои он пурра ба ин қаҳрамон монанд аст. Барои аз нав кардани муҷассама соли 2021 аз буҷети шаҳр беш аз 170 ҳазор сомонӣ ҷудо шуда буд.