Фаридуддин Сайдахмедов  бо фармони вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Раҳим иҷрокунандаи вазифаи мудири шуъбаи маорифи шаҳри Бохтари вилояти Хатлон таъйин гардид. Ӯ дар ин вазифа Шаъмигул Шарифзодаро иваз кард.

Фаридуддин Шарифзода то таъйин шуданаш ба вазифаи мудири шуъбаи маорифи шаҳри Бохтар сармутахассиси ин шуъба буд.

Бояд гуфт, ки чанде пеш бо фармони вазири маориф ва илми кишвар мудири шуъбаи марифи шаҳри Бохтар Шаъмигул Шарифзода ва мудирони шуъбаҳои маорифи ноҳияҳои Ҷалолиддини Балхӣ ва Абдураҳмони Ҷомӣ аз вазифа барканор шуда буданд. Ҳоло ба ҷойи мудири шуъбаи маорифи ин ду ноҳия касе таъин шудааст, ё не, хабаре нест.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь