Имрӯз занону модарони вилоятҳои Суғду Бадахшон, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ, ки 80 нафаранд, ба маркази маъмурии вилояти Хатлон – шаҳри Бозтар омаданд, ки онҳоро масъулони ҳукумати вилоят ва шаҳри Бохтар истиқбол гирифтанд.

Аз ҳукумати вилояти Хатлон хабар доданд, ки сафари кории модарони “Ваҳтасаро”-и дигар вилоят ва шаҳру ноҳияҳои кишвар ба вилояти Хатлон дар доираи ҷашни Ваҳдати миллӣ роҳандози гардидаст.

Ин модарон, ки 80 нафаанд,  ба шаш гурӯҳ тақсим шуда, ба 22 шаҳру ноҳияи вилоят сафар мекунанд.

Ташрифи модарону занони дигар вилоят ва шаҳру ноҳияҳои кишвар ба вилояти Хатлон аз 8-уми июни соли ҷорӣ оғоз шуда, рӯзи  11-уми июни соли 2022  дар шаҳри Кӯлоб ҷамъбаст мегардад. Дар ин рӯз бо ҳузури бонувони даври вилоятии «Сад ранги чакан» баргузор мешавад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь