Дар маркази маъмурии вилояти Хатлон-шаҳри Бохтар муассисаи таълимии рақами 8-ро ба номи сарбози шаҳидшуда Аслан Мениқулов гузоштанд.

Аз ҳукумати шаҳри Бохтар хабар доданд, ки бо қарори иҷлосияи 13-уми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Бохтар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 8-и шаҳр ба номи Мениқулов Аслан Сайдуллохонович номгузорӣ шуд.

Мениқулов Аслан ҷавони шаҳри Бохтар буд, ки баҳри ҳифзи марзу буми Ватан ҳангоми муноқишаҳои  байни сарҳадӣ аз худ далерию ҷасурӣ нишон дода, ҷон супурд.

Марҳум, пас аз хатми муассиса бо хоҳиши худ баҳри адои хизмати ҳарбӣ соли 2021 ба сафи Артиши миллӣ пайваста буд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь