Дар маркази маъмурии вилояти Хатлон, шаҳри Бохтар, ки 25-уми ноябри соли 2020 кӯдакистони №2 ба коми оташ рафта буд, бо гузашти бештар аз як сол бо харҷи 1 миллиону 500 ҳазор сомонӣ азнавсозӣ гардид.
Мудири Шуъбаи маорифи шаҳри Бохтар Шаъмигул Шарифзода дар суҳбат ба “Фараж” гуфт, ки муассисаи томактабии рақами 2 бо дастгирии соҳибкорон ва маблағҳои буҷети шаҳр пурра бозсозӣ карда шуд.
Ҳамчунин, ӯ гуфт, ки кӯдакистони мазкур ҳоло ба тамоми шароитҳо ҷавобгӯ буда, дар он 120 кӯдак ба таълиму тарбия фаро гирифта хоҳанд шуд.
– Баъди оташ гирифтани ин кӯдакистон тифлони ин дабистон ба муассисаҳои томактабии рақамҳои 6 ва 9 ҷалб шуда буданд, – илова кард ӯ.
Иттилоъ дода шуд, ки муассисаи томактабии мазкур имрӯз бо иштироки шаҳрдори Бохтар мавриди истфиода қарор дода мешавад.
Як манбаъ аз ҳукумати шаҳри Бохтар тасдиқ кард, ки барои таъмирии кӯдакистон 1 миллиону 500 ҳазор сомонӣ аз ҷониби соҳибкорон ва малағҳои буҷети шаҳр ҷудо карда шуд.
Ҳоло дар шаҳри Бохтар фарогирии кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ ва марказҳои инкишофи кӯдак бештар аз 22 дарсадро ташкил медиҳад, ки дар миёни 25 шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон шаҳри Бохтар дар зинаи аввал аст.
Аммо то ҳол талаботи волидон ба муассисаҳои томактабӣ дар шаҳри Бохтар хеле зиёд аст.
Масъулони Шуъбаи маорифи шаҳр гуфтанд, нақша доранд, ки дар оянда шумораи кӯдакистон ва марказҳои инкишофи кӯдакро зиёд карда, фарогирии онҳоро то ба 30 дасрад расонанд.