Бахшида ба таҷлили 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори Кохи фарҳанги шаҳри Бохтар бо иштироки раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода конференсияи илмӣ-амалӣ таҳти унвони “Нақши Иҷлосияи XVl-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими худшиносии миллӣ ва эҳёи давлатдории навини тоҷикон” баргузор гардид. Раиси вилояти Хатлон  Қурбон Ҳакимзода дар хусуси   Иҷлосияи тақдирсоз суханрони кард.

– Халқи тоҷик аз имтиҳони ҷиддии ҳаёт гузашта, ба воситаи андешаҳои поку машварат ба сулҳу ваҳдат расид ва дар ин Иҷлосияи шуҳратафзо ҳама он 23 масъалае, ки пешниҳод шуда буд, ҳаллу фасли худро ёфта, ҳокимияти қонунӣ ба фаъолияти худ оғоз бахшид. Яке аз масъалаҳои муҳим эҳё намудани собиқ вилояти Хатлон маҳз дар ҳамин Иҷлосия матраҳ шуд ва 2 декабри соли 1992, таҳти рақами 755, қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таъсиси вилояти Хатлон” ба тасвиб расид, – иброз дошт раиси вилоят.

Ҳамчунин, дар кори конфронс Ғайбулло Афзалов, Адолат Раҳмонова, Шамсулло Амирхон, ки ширкаткунанда ва шоҳидони Иҷлосияи тақдирсоз буданд, аз таҷриба ва дидаҳои худ дар давраҳои мудиҳиши солҳои ҷанги шаҳрвадӣ то замони ба даст овардани истиқлол суханронӣ карданд.

Мавлуда Гулова, Фараж

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here