Зимни сафари кории сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар арафаи истиқболи ҷашни бузурги миллӣ – Истиқлоли давлатӣ дар маҳаллаҳои Хатлон ва Кайҳонавардони шаҳри Бохтар майдончаи навбунёди варзишиву ҷойи истироҳати калонсолон ва маркази савдо мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд.

Ба Сарвазири мамлакат иттилоъ доданд, ки дар ҳудуди маҳаллаи Хатлон, дар назди биноҳои истиқоматӣ аз тарафи соҳибкорони маҳалла 5 майдончаи бозии кӯдакон бо харҷи 1 миллиону 250 ҳазор сомонӣ ва як адад майдончаи бозии футболи хурди универсалӣ бо маблағи 450 ҳазор сомонӣ сохта шудааст.

Дар ҳудуди майдонча зиёда аз 45 арғунчаки бозии кӯдаконаю машқу тамрин, зиёда аз 12 чароғак барои рӯшноӣ додани майдончаҳо, 8 айвонча, майдончаҳои бозии кӯдакон дар масоҳати зиёда аз 3500 м2, сафолакрӯйпӯшкунӣ дар масоҳати зиёда аз 1500 м2, барои таваққуфгоҳи нақлиёт дар майдони зиёда аз 1000 м2 бетонпӯш карда шудааст.

Ҳамзамон, Қоҳир Расулзода бо мақсади ташкили ҷойи корӣ дар ошёнаи якуми бинои истиқоматии кӯчаи Кайҳонавардон, ки бо ташаббуси соҳибмулк Қурбонзода Фирдавс Қурбон мағозаи хурокворӣ дар масоҳати 256 м2, масолеҳи сохтмонӣ дар масоҳати 260 м2 сохта шудааст, мавриди истифода қарор дода шуд, ки 15 кас бо ҷойҳои кории доимӣ ва маоши хуб таъмин гардиданд.

Қоҳир Расулзода зимни суҳбаи бо кӯдакону калонсолон Рӯзи Истиқлоли давлатиро табрику таҳният намуда, афзуд, ки ин ҳама имкониятҳо аз дастгириву таваҷҷуҳи пайвастаи Роҳбари давлат баҳри истифодаи муфид аз шароити фароҳамшуда дарак медиҳад.

Таъкид гардид, ки шумораи ҳарчи бештари ҷавонон, аз ҷумла духтарони варзишгар ба машқу тамрин ҷалб карда шаванд. Зеро иншооти мазкур на танҳо барои тарғиби тарзи ҳаёти солим, балки омодасозии чемпионҳои ояндаи вилояту мамлакат аз чанд намуди варзиш шароити муносибу созгор дорад.

Иншооти мазкур дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба истиқболи сазовори ҷашни бузурги 35-солагии Истиқлоли давлатӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Сарвазири мамлакат ба ташаббускорон барои муҳайё намудани чунин шароити мусоид изҳори сипосу миннатдорӣ намуда, иқдоми созандаи онҳоро намунаи ибрат хонданд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь