Дар маркази маъмурии вилояти Хатлон-шаҳри Бохтар дар доираи дастуру супоришҳои Роҳбари давлат ва раиси вилояти Хатлон аз ҷониби МИМҲД-и шаҳр гулгашти Ҷалолиддини Балхӣ пурра навсозӣ мегардад. Айни замон корҳои сохтмонӣ бо маром идома доранд.

Аз ҳукумати шаҳри Бохтар иттилоъ доданд, ки гулгашти Ҷалолиддини Балхӣ солҳо боз таъмирталаб гашта буд, шаҳрдори Бохтар тасмим гирифтааст, ки ин майдонро дар доираи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра навсозӣ карда, барои истироҳату фароғати сокинону меҳмонони шаҳр боз як макони зебои дигаро муҳайё созад.

Аз рафти корҳои сохтмонии ин гулгашт шаҳрдори Бохтар Абдулмаҷид Муминзод дидан карда, барои ҳарчӣ зудтар бунёди он ба масъулони дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь