Кормандони Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Бохтар дар 7 моҳи соли ҷорӣ фаъолияти 16 иншотро бо сабаби ҷавобгӯ набудан ба талаботи санитарию эпидемиологӣ боздоштанд.
Директори маркази мазкур Азизулло Маҳмадуллзода ба “Фараж” гуфт, ки аз тарафи мутахасисони МНДСЭ-и шаҳр дар ин давра аз 1131 иншооте, ки зери назорати онҳо аст, дар 128 иншоот санҷишҳои санитарию эпидемиологӣ гузоронида шудааст.
-Нисбати вайронкунандагони қоидаю меъёрҳои санитарию эпидемиологӣ 199 нафар ба маблағи бештар аз 55 ҳазор сомонӣ ҷарима таъин карда шуда, ба буҷаи давлат ворид карда шудааст,- илова кард ӯ ва гуфт, ки кормандони Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Бохтар дар 7 моҳи соли ҷорӣ фаъолияти 16 иншоотро бо сабаби ҷавобгӯ набудан ба талаботи санитарию эпидимеологӣ боздоштанд.
Итилоъ дода шуд, ки зимни санҷиши маҳсулотҳои муҳлати истеъмолашон гузашта ва шубҳанок ба миқдори 3039 кг /л ба маблағи 25 ҳазору 317 сомонӣ маҳсулот аз муомилот гирифта шуданд.