То соли 2026, яъне то ҷашни 35-солагии истиқлоли давалтии кишвар дар маркази маъмурии вилояти Хатлон-шаҳри Бохтар таъсиси 18 корхона ва коргоҳи саноатӣ ба нақша гирифта шудааст, ки  дар 7 моҳи соли ҷорӣ 5 корхона ва коргоҳи истеҳсолӣ бо таъсиси 37 ҷойи нави корӣ сохта ба истифода дода шуд.

Мудири шуъбаи рушди иқтисод ва савдои ҳукумати шаҳри Бохтар Афзал Юсуфзода ба “Фараж” иттилоъ дод, ки то имрӯз аз ҷониби корхонаҳои навтаъсис ба маблағи 936,4 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда шудааст.

– То охири соли ҷорӣ таъсиси 3 корхонаи дигар, аз ҷумла корхонаи истеҳсоли гӯгирд, истеҳсоли қубурҳои асбестӣ  ва нуқтаи забҳи чорво дар назар дошта шудааст, – илвоа кард ӯ.

Номбурда қайд кард, ки номгӯи маҳсулотҳои истеҳсолшаванда дар шаҳри Бохтар ба 91 адад ва шумораи корхона ва коргоҳҳо ба 56 адад расонида шудааст, ки  самти фаъолияти 20 корхона ба истеҳсоли хӯрокворӣ, 11 корхонаи дӯзандагӣ, 11 корхонаи масолеҳҳои сохтмонӣ, 4 корхонаи коркарди пахта ва 10 корхона дигар намуди маҳсулотҳои саноатӣ истеҳсол мекунанд.

Афзал Юсуфзода иттилоъ дод, ки дар 7 моҳи соли ҷорӣ маҷмӯи истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ аз ҷониби коргоҳу корхонаҳои саноатии шаҳр ба 164,2 млн. сомонӣ расонида, нисбати ҳамин давраи соли гузашта 33,0 млн. сомонӣ зиёд ва афзоиши истеҳсол ба 125,1 фоиз баробар шудааст, ки аз ин ҳиссаи корхонаҳои ҷамъиятӣ 94,1 млн. сомонӣ  (57,3 %) ва 70,1 млн. сомонӣ  (42,7%) сектори хусусӣ мебошад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here