Дар майдони Водии Вахш дар доираи барномаи «Чил рӯзи ҳаёти кӯдакон» чорабинӣ таҳти унвони “Мо кӯдакони хушбахтем” баргузор гардид, ки дар он кӯдакони 17 муассисаи томактабии шаҳр фаъолона иштирок карданд.
Бояд гуфт, ки дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон, ки ҳамасола 1-уми июн таҷлил карда мешавад, аз 21-уми апрел то 30-юми майи соли 2025 таҳти унвони “Чил рӯзи ҳаёти кӯдакон” силсилаи чорабиниҳои фарҳангию варзишӣ, маърифатию хайриявӣ баргузор мешавад.
Блоки рекламавӣ