Дар маркази маъмурии вилояти Хатлон-шаҳри Бохтар аз соли 2018 то ин ҷониб 8 когоҳу корхонаҳои саноатӣ бо таъсиси 480 ҷойи нави корӣ бунёд ёфтааст.

Мудири Шӯъбаи рушди иқтисод ва савдои ҳукумати шаҳри Бохтар Юсуфзода Афзал, дар суҳбат ба “Фараж” гуфт, ки дар доираи ҷашни 30-солагии истиқлоли давалтии кишвар дар шаҳр бунёди 18 коргоҳу корхонаҳои саноатӣ ба нақша гирифта шудаст, ки то имрӯз 8 адади онҳо сохта ба истифода дода шудаанд.

– Аз соли 2018 то шашмоҳаи соли 2021 дар шаҳр ҶДММ “Шаҳзоду Меҳроҷ”, ҶДММ “Имрон Бохтар” ҶДММ “Бохтар содирот”, ки  самти фаъолияташон истеҳсоли маҳсулоти сохтмонӣ, ҶДММ “Кота Глобал” самти фаъолияташ истеҳсолои маҳсулоти дузандагӣ, ҶДММ “Сомон Байк” истеҳсоли дучарха ва насоҷи, ҶДММ “Артес” маҳсулоти қаноди ва макаронӣ, ҶДММ “Бохтар шифр” истесҳсоли бомпӯш, ҶДММ “Сафар ферма” ва сардхона бо таҷҳизотҳои шустушӯи маҳсулоти кишоварзӣ  бунёд карда шудаст, ки дар онҳо 480 нафар бо ҷойи корӣ доими таъмин шуданд, – афзуд ӯ.

Манбаъ илова кард, ки ҳоло дар минтақаи саноатии шаҳри Бохтар сохтмони се корхонаи дигар яъне  корхонаи истеҳсоли “Гугирчу” ва ду корхонаи мебел бо маром идома доранд, ки онҳо дар арафаи ҷашни 30-солагии истиқлол мавриди истифода қарор  дода мешаванд.

Юсуфзода Афзал қайд кард, ки ҳоло дар шаҳри Бохтар 48 коргоҳу корхонаи саноатӣ ба қайд гирифта шудаанд, ки онҳо дар шаш моҳи соли ҷорӣ бо харҷи  89 милиону 517,1 ҳазор сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол кардаанд, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 бештар аз 8 милион сомонӣ зиёд  мебошад.

Манбаъ гуфт дар ин давра 4 корхона яъне  ҶДММ “Дилором”, ҶДММ “Коргоҳи дӯзандаги”, ҶДММ “Умед-1” ва ҶСК  “Матбаа”ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатиро нисбат ба соли гузашта кам карданд.

– Дар ин баробар се коргоҳу корхонаи саноатии шаҳр – ФДММ “Майрамбибӣ”, ҶДММ “Коргоҳи дӯзандагӣ” ва ҶДММ “Маркази ҳунаромузӣ” тамоман фаъолият накарданд, – илова кард ӯ ва афзуд, ки омили кам ва ё таоман фаъолият накардани корхонаҳои мазкур надоштани фармоишгар, надоштани ашёи хом ва ғайра мебошад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь