Аз Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дирӯз, 5-уми май, 116 донишҷӯ ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар сафарбар шуданд.
Аз донишгоҳи мазкур ба “Фараж” хабар доданд, донишҷӯёне, ки ба хизмат сафарбар шуданд, донишҷӯёни курсҳои чорум буданд.
– 116 донишҷӯе, ки ба хизмат рафтанд, баъди супоридани имтиҳонҳои хатм, бо хоҳиши худ ба артиш пайвастанд. Дар маросими гусел волидони онҳо иштирок карданд, – гуфтанд аз донишгоҳ.
Бино ба иттилои расида, то имрӯз ноҳияҳои Носири Хусрав, Шамсиддин Шоҳин, Фархор, Балҷувон ва ноҳияи Данғара пурра аз иҷрои даъвати баҳории ҷавонон баромаданд. Ҳоло дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати баҳорӣ қариб 70 дарсад иҷро шудаст.
Блоки рекламавӣ