Бориши барфи зиёд дар маркази маъмурии вилояти Хатлон-шаҳри Бохтар боиси  мушкили ҳаракати воситаҳои нақлиёт  ва дар роҳ мондани мусофирон гаштааст, ки масъулони Муассисаи давлатии истифодабарии роҳҳои автомобилгарди шаҳр омили онро кам будани техника арзёбӣ карданд.

Юсуфзода Бузургмеҳр, сардори Муассисаи давлатии истифодабарии роҳҳои автомобилгарди шаҳри Бохтар гуфт, ки барои тоза кардани роҳҳои дохили шаҳр кормандони идора ва техникаҳои роҳдорӣ аз соати 1 шаб сафарбар карда шуда, ҳоло ҳам дар кор ҳастанд ва то ҳозир ба 60 дарсади роҳҳо қуму намак пошидаанд.

– Аммо бо сабабаи бориши барфи зиёд ба мо имкон даст надод, ки кӯчаҳои шаҳрро пурра аз барф тоза карда, ҳаракати воситаҳои нақлиётро сад дарсад таъмин созем”, – илова кард ӯ.

Номбурда қайд кард, ки барои тоза карани роҳҳо аз барф 4 техника, чор  механизатор  ва 8 коргар сафарбар шудаанд.

– Аммо норасоии техникаҳо дар муассиса зиёд дида мешавад, ки ин ҳолат боиси саривақт тоза нашудани роҳҳо гаштааст, – гуфт номбурда ва илова кард, ки кӯшиш мекунанд, техникаҳои иловагӣ ба иҷора гиранд ва роҳҳоро саривақт тоза кунанд.

Аммо мусофирон ва ронандони воситаҳои нақлиёт аз он изҳори нигаронӣ карданд, ки бориши барфи аввал маълум кард, Муассисаи давлатии истифодабарии роҳҳои автомобилгарди шаҳри Бохтар ба зимистон пурра омода нест

Онҳо аз масъулони шаҳр хоҳиш карданд, ки саривақт роҳҳоро тоза карда, ҳаракати мунтазами воситаҳои нақлиёт ва бехатарии сокиноро таъмин созанд.

– Дар хусуси роҳҳои пиёдагард, ҳоҷати гап нест, зеро пур аз барфанду тамоман роҳ рафта намешавад, – гуфт Шарифмоҳ, сокини шаҳри Бохтар.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here