Рӯзи 27 марти соли ҷорӣ манзили иҷораи шаҳрванди Ӯзбекистон Достон Нормуминов дар шаҳри Бохтар оташ гирифт, ки дар натиҷа Достон Нормуминови 26-сола, кӯдакони ноболиғаш Давлатбек Рустамови 4-сола ва Диёрбек Рустамови 3-сола ҷон бохтанд.
Ба иттилои мусоҳиби “Фараж” ҳодисаи оташ гирифтани манзили иҷораи Достони Нормуминов шаҳрванди Ӯзбекистон субҳи 27-уми март дар маҳаллаи Баҳори шаҳр рух додаст.
Шоҳидони ҳодиса гуфтанд, ки Достон Нормуминов дари хонаро баставу барои харид ба берун баромадаст. Кӯдакон дастгоҳи барқиро чапа кардаанд ва аз ин ҳолат хона оташ гирифтааст.
Баъдан падари кӯдакон омада дарро кушода мехост онҳоро берун барорад, аммо мутаассифона худ ва ду кӯдаки ноболиғаш ба ҳалокат расиданд.
Валиҷон Бегиҷонзода, сардори қисми оташнишонии шаҳри Бохтар, дар суҳбат бо “Азия-Плюс” гуфтааст, ки Достон Нормуминов, сокини кӯчаи Абдулло Қаландари ноҳияи Китоби вилояти Қашқадарёи Ӯзбекистон буда, соли таввалудаш 1996 буд. Кӯдакони ноболиғаш Давлатбек Рустамови 4-сола ва Диёрбек Рустамови 3-сола буданд.
Дар пай ин сӯхтор, прокуратураи шаҳри Бохтар санҷиишро оғоз кардааст.
Валиҷон Бегиҷонзода мегӯяд, бино ба хулосаҳои пешакӣ гунаҳкори сар задани сӯхтор ва ба ҳалокат расидани кӯдакон падарашон марҳум Достон Рустамов шудааст.
“Агар Достон Рустамов дари хонаи кӯдаконро қуфл намекард, онҳо имкони зинда монданро доштанд”,- мегӯяд Валиҷон Бегиҷонов.
Ба гуфти манбаъ ҷасадҳоро барои дафн ба Ҷумҳурии Узбекистон бурдаанд.