Ба ҳолати якуми феврали соли 2022 бақияи қарзи андоз дар шаҳри Бохтар, маркази маъмурии вилояти Хатлон, бештар аз 6 миллиону 530 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки ин вазъ дар иҷроиши саривақти қисми дармоади буҷет таъсир мерасонад.
Мудири бахши ситонидани қарзи андозҳо дар Нозироти андози шаҳри Бохтар Иброҳим Пиров иттилоъ дод, ки аз ҳама қарзҳои зиёд дар назди Нозироти андози шаҳр аз “Корхонаи фаръии давалтии байниноҳиявии обу канализатсияи шаҳри Бохтар” 1 миллиону 19 ҳазор сомонӣ, КФД “Хоҷагии манзилию коммуналӣ”-и шаҳри Бохтар 1 миллиону 9 ҳазор сомонӣ, ҶДММ “Ваҳдатстройсервис” 852 ҳазор сомонӣ, ҶДММ “Арк” 225 ҳазору 418 сомонӣ, ҶДММ “Соҳиб 3” 113 ҳазор сомонӣ, ҶДММ “Меҳровар Қурғонтеппа” 251 ҳазор сомонӣ, ҶДММ “Комбинати шири шаҳри Бохтар” 172 ҳазор сомонӣ ва ба ҳамин монанд даҳо корхонаву идораҳое ҳастанд, ки аз андоз қарздор мебошанд.
– Барои маҷбурдан баргардонидани қарзҳо ҳама чораҳо, аз ҷумла тибқи қонунҳои амалкунндаи кишвар, дида шуда, ҳатто суратҳисоби баъзе аз корхонаҳо муваққатан баста шудаанд, – илова кард ин шахси масъул.
Ин ҳама дар ҳолест, ки Президенти кишвар дар вохурӣ бо фаъолони вилояти Хатлон гуфт, ки ҳарчанд соли 2021 дар вилоят нақшаи ҷамъоварии андозу пардохтҳо 106,4 фоиз ва дар моҳи январи соли ҷорӣ 102,4 фоиз иҷро шудааст, вале сифати иҷрои нақшаи ҷамъоварии андозу пардохтҳо дар шаҳру ноҳияҳо ба талабот ҷавобгӯ набуда, аз ин ҳисоб соли 2021 ба буҷет беш аз 102 миллион сомонӣ ва дар моҳи январи соли ҷорӣ 7 миллион сомонӣ маблағ ворид нашудааст.
Ҳамчунин, бақияи қарзи андозҳо дар вилоят то ҳол зиёд буда, ба ҳолати 1-уми феврали соли ҷорӣ 182 миллион сомониро ташкил додааст, ки чунин вазъ бояд ҳарчӣ зудтар бартараф карда шавад.
Бинобар ин, ба роҳбарони вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои он супориш дода шуд, ки якҷо бо Вазорати молия ва Кумитаи андоз ҷиҳати сари вақт ва пурра ҷамъоварӣ кардани андозҳо, кам кардани бақияпулии онҳо ва роҳ надодан ба қарздории музди меҳнат тадбирҳои қатъӣ андешанд.