Дар маркази маъмурии вилояти Хатлон-шаҳри Бохтар таваҷҷӯҳ ба ҷалби сармояҳои дохиливу хориҷӣ зиёд буда, ҳоло дар шаҳр 124 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ дар ҳоли амалишавӣ аст.
Аз Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар иттилоъ доданд, барои таъмини рушди устувори шаҳр Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Бохтар барои солҳои 2021-2025 иборат аз 86 лоиҳа қабул гардида, соли 2023 бо қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳр аз 29 сентябри соли 2023, № 196 ба Барнома як қатор тағйироту иловаҳо ворид карда шуд, ки шумораи лоиҳаҳо 114 адад ва арзиши он 1 млрд 556 млн. 255 ҳазор сомониро дар бар гирифт.
Гуфта шуд, ки арзёбии ҷараёни иҷрои барнома нишон дод, ки ба ҳолати 1 апрели соли 2025-ум 59 лоиҳа ба маблағи 1 млрду 153 млн. сомонӣ пурра амалӣ гардида, 42 лоиҳа ба маблағи 262,8 млн. сомонӣ мавриди амал қарор дорад. Қайд гард, ки маблағи умумии корҳои иҷрошуда 1 млрд 415,8 млн. сомонӣ ё худ 90,8 фоизи барномаро дар бар мегирад. Дар шаҳр 10 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ таҳти амал қарор дорад, ки маблағгузории онҳо 233,7 млн долларро дар бар мегирад.