Ширкати CCI дар Тоҷикистон аз оғози яке аз маъракаҳои ҷаҳонии гарму самимии “Бо кӣ ин «Coca-Cola»-ро тақсим мекунӣ?” хабар дод.
Ин чорабинӣ, ки қалби миллионҳо одамро дар саросари ҷаҳон тасхир кардааст, акнун мардуми Тоҷикистонро низ ба он даъват мекунад, то шодӣ, меҳрубонӣ ва муҳаббатро бо наздикони худ тақсим кунанд. Дар ҳамаи фурӯшгоҳҳои кишвар зарфҳои Coca-Cola бо номҳои маъмул ва навиштаҷоти самимие пайдо шуданд, ки хубии фарҳанги тоҷиконро инъикос мекунанд.
Ин танҳо як иқдоми таблиғотӣ нест, ин даъватест ба муоширати самимӣ. Як туҳфаи хурд ба мисли як шиша Coca-Cola бо номи дӯст ё наздиконатон боиси табассум, каломи гарму лаҳзаҳои сеҳрангези ҳаррӯза гардад.
“Мо бовар дорем, ки сеҳри воқеӣ дар лаҳзаҳои одӣ нуҳуфтааст. Ба воситаи маъракаи “Бо кӣ ин «Coca-Cola»-ро тақсим мекунӣ?” одамонро руҳбаланд мекунем, то ба ҳамдигар меҳрубонтар шаванд”, – зикр карданд дар CCI Тоҷикистон.