Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бораи таъсиси Боғи «Низомиддин Алишер Навоӣ» амр ба имзо расонд, ки дар асоси он раиси шаҳри Душанбе бояд ба боғи «Низомиддин Алишер Навоӣ» иваз кардани боғи «50-солагии ҷавонон», воқеъ дар кӯчаи Беҳзоди шаҳри Душанбе, ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе пешниҳод манзур намояд.

Тибқи банди дигаи ҳамин амр дар ин боғ пайкараҳои Нуриддин Абдураҳмони Ҷомӣ ва Низомиддин Алишер Навоӣ ҳамчун рамзи дӯстии халқҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон гузошта мешаванд.

Барои татбиқи ин банди амр роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе озмуни таҳияи лоиҳаи муҷассамаҳои мутафаккирони номбурдаро эълон мекунад.

 

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь