Варзишгари маъруфи кишвар Давлат Болтаев дар рақобати аввалини худ дар 33-юмин Бозиҳои тобистонаи олимпии Париж-2024, бо қарори ҷудои доварон (3:2) нахустин пирӯзашро соҳиб шуд.
Муштзани тоҷик дар муқобили Георгий Кушиташвилӣ аз Гурҷистон пирӯз шуд ва ба даври ¼-ниҳоӣ роҳ ёфт. Болтаев дар марҳилаи чорякниҳоӣ бо Ҷек Марлӣ аз Ирландия мубориза мекунад. Ин набард рӯзи 1-уми август баргузор мешвад.
Блоки рекламавӣ