Рустам Сафаров, сармуҳаррири ҳафтаномаи “Набзи Бохтар”, ки аз бемории пӯки устухон (остеохондроз) ранҷ мекашад, соли гузашта ҷарроҳии якумро бо кумаки дӯстону пайвандон ва ашхоси саховатманд анҷом дода буд, акнун ҷарроҳии дуюмро бо дастгирии МИМҲД-и шаҳр аз сар гузаронд.
Рустам Сафаров, сармуҳаррири рӯзномаи “Набзи Бохтар”-и шаҳри Бохтар, рӯзноманигори соҳибном, ки ҳамагӣ 38 сол дорад, тӯли ду соли охир аз бемории пӯки устухон ранҷ мекашад. Тибқи хулосаи табибони ҳам Маскав ва ҳам Душанбе беморияш ба марҳилаи сеюм расидааст, ки дар ин ҳол бе иҷрои ду амали ҷарроҳӣ шифо ёфтан имкон надорад.
Барои як амали ҷарроҳӣ дар кишвар камаш 35 ҳазор сомонӣ зарур будааст, дар маҷмӯъ зиёда аз 70 ҳазор сомонӣ лозим аст. Ӯ бо кумаки дӯстону наздикон соли гузашта аввалин ҷароҳиашро анҷом дода буд.
Дар нишасти хабарӣ раиси шаҳри Бохтар Муминзод Абдулмаҷид ваъда дода буд, ки барои ҷарроҳии дуюми ин рӯзноманигор кумак хоҳад кард. Чанде пеш Рустам Сафаров дар саҳифаи фейсбукиаш ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар ва раиси шаҳр барои кумак карданашон дар анҷоми ҷарроҳии дуюмаш изҳори миннатдорӣ кард.