“Мушкилоти блогерони тоҷик ҳангоми инъикоси масъалаҳои вобаста ба терроризм” мавзӯи тренинги навбатии Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзода буд.

Зимни сухани ифтитоҳии худ роҳбари ТҶ МТЖТ Хуршеди Атовулло зикр дошт, ки ҳадаф аз ташкили омӯзиши мазкур пеш аз ҳама пешгирии тарғиби ғояҳои террористию экстремистӣ дар сомонаҳои иҷтимоӣ ва воситаҳои ахбори омма, фаҳмонидани наҳваи фаъолияти гуруҳҳои тунгарову ифротгаро дар интернет ба блогерону рӯзноманигорон ва аз ҳама муҳим дар инъикоси чунин масоил роҳ надодан ба иштибоҳ аст.

Дар ин тренинги 3-рӯза, ки бо ширкати коршиносону таҳлилгарон баргузор гардид, ба блогерону рӯзноманигорон махсусияти таҳияи мавод барои интернет, нозукиҳои инъикоси масоили тундгароию ифротгароӣ, истифодаи дурусти сомонаҳои иҷтимоӣ ва таблиғи матолиби блог ба воситаи имконоти фаррохи онҳо, кор бо барномаҳои рақамии сабт ва таҳрири техникии аудиову видео, риояи қоидаҳои аксбардорӣ, меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ ва одобномаи шаҳрванди электронӣ омӯзонида шуд.

Дар тренинг журналисти мустақил Раҷаби Мирзо ва мутахассиси IT Худоёр Бурҳонов бо иштирокчиён, ки аз минтақаҳои гуногуни кишвар буданд, мушкилоти блогерон ва рӯзноманигоронро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, доир ба василаҳои қонунии ҷамъоварии маълумот, коркард, таҳияу нашри мавод дар блог ва воситаҳои ахбори омма табодули таҷриба ва афкор карданд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here