Саидова Нигора, ки ба фаъолияти блогерӣ машғул аст, ҷашни зодрӯзи худро бо даъвати шумораи зиёди меҳмонон ва ташкили зиёфат баргузор намуда, талаботи моддаи 10-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро нақз кардааст.

Навори таҷлил аз ҷашни зодрӯзи Саидова Нигора дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр гардида, вокунишҳои гуногунро дар пай дошт. Вобаста ба ҳолати мазкур нисбат ба ӯ дар асоси моддаи 481-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парванда тартиб дода шуда, ба мақомоти судӣ пешниҳод гардид. Дар ин маврид Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар додааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь