“Кӯчонидани телевизиони “Сафина” аз мавқеи кунуниаш ба бинои Муассисаи давлатии “Душанбе Плаза” ин нақшаи генералии шаҳр аст. Бинобар ин мо дар ҳоли омодабош ва омӯзиши студияҳои телевизион дар бинои нав ҳастем. Дар ҳолати ба талабот ҷовобгӯ будан мо тайёр ҳастем телевизионро интиқол диҳем”.

Ин нуктаро имрӯз зимни нишасти хабарӣ директори Муассисаи давлатии “Телевизиони Сафина” Носир Саидов иброз дошт. Номбурда ҳамчунин дар бораи идомаи корҳои   омӯзишии бинои “Душанбе  Плаза” барои шароити кории мувофиқ аз тарафи кормандони телевизионро низ қайд кард.

Хабари кӯчонидани 8 шабакаи телевизионии кишвар ба бинои 22-ошёнаи пойтахт, “Душанбе Плаза”, охирҳои моҳи октябри соли 2017 паҳн шуда буд. Бинобар тасмими Ҳукумати Тоҷикистон шабакаҳои телевизионии “Тоҷикистон”, “Ҷаҳоннамо”, “Синамо”, “Сафина”, “Варзиш”, “Футбол”, “Баҳористон” ва “Душанбе”  бояд ба бинои “Душанбе Плаза” кӯчонида шаванд.

Зоҳиран, сабаби кӯчонидани  8 шабакаи телевизионӣ ба ин бино пур кардани утоқҳои холии бинои “Душанбе Плаза” ба назар мерсад.

Гуфта мешавад, бинои телевизиони “Сафина”, ки дар гузашта иорати Филармонияи давлатӣ буд, кӯчонида шуда, дигар биноҳои собиқи телевизионҳо бо  салоҳдиди ҳуқумат мавриди истифода қарор мегиранд.

Нуралӣ Карим

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь