Беш аз 500 ҳазор сарбози NАТО дар ҳолати омодабош қарор доранд, хабар медиҳад DW бо такя ба сухангӯи паймон Фараҳ Даҳлаллу.
Вай гуфт, ҳамлаи Русия ба Украина Паймони Атлантики Шимолиро водор кардааст, ки омодагии худро ба ҷанг бознигарӣ кунад ва дифои худро тақвият диҳад.
Ба андешаи вай, масъалаи асосӣ омодагии иттифоқчиён ба ҷанги тӯлонӣ, шабеҳи ҷанг дар Украина аст. Сухан дар бораи потенсиали саноатӣ, харочоти мудофиа ва муносибатҳои ҷамъиятӣ меравад. Дуюм масъалаи даъвати низомиро дар бар мегирад. Қарорҳо дар бораи ҷалб ва омӯзиши нерӯҳо аз ҷониби давлатҳои алоҳида қабул карда мешаванд, гуфт Даҳлаллу.
“Мо дарк мекунем, ки эҳтимол бояд тарзи сафарбаркунии худро ба ҷанг, тағйир додани шеваи тавлиди таҷҳизоти низомӣ, ҷалб ва омӯзиши кадрҳо кунем”, гуфт полковники мустаъфии артиши ИМА, роҳбари шуъбаи таҳқиқоти Авруосиёи Донишкадаи сиёсати берунӣ Роберт Ҳэмилтон ба CNN.