Соли таҳсили гузашта, аз Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар” 107 донишҷӯ хориҷ карда шудаанд, ки рақам нисбати соли гузашта 68 нафар кам аст.

Ректори колеҷи мазкур Иброҳим Мӯсоев имрӯз, 8 феврал, дар нишасти хабарии ниҳодашон ба намояндагони ВАО омили асосии хориҷ шудани донишҷӯёни колеҷро ба муҳоҷирати меҳнати рафтани онҳо арзёбӣ кард.

Номбурда афзуд, ки аз ҳисоби хориҷ шудани ин донишҷӯён колеҷ ба маблағи 400 ҳазор сомонӣ зарар дидааст.

Номбурда гуфт, соли таҳсили 2020-2021-ум 175 донишҷӯи ин колеҷ хориҷ шуда буданд, ки ин ба буҷети колеҷ зарари зиёд оварда буд

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here