Бино ба маълумоти Комиссияи марказии интихобот Лукашенко барои ҳафтумин бор дар интихоботи президентии Беларус пирӯз шуд. Ба тарафдории вай бештар аз 86 дарсади интихобкунандагон овоз доданд.
Иштироки мардум дар интихобот беш аз 85% буд. Ба ҷуз Лукашенко, чаҳор номзади дигар ширкат карданд. Худи раисиҷумҳури феълӣ як рӯз пеш гуфта буд, ки “барои ҳама” овоз дод.
Бино ба маълумоти Комиссияи марказии интихоботии ҷумҳурӣ, раисиҷумҳури феълии Беларус Александр Лукашенко барои ҳафтумин бор дар интихоботи раёсатҷумҳурии ин кишвар пирӯз шудааст.
Дар интихобот ба ҷуз Лукашенко чаҳор номзади дигар ширкат карданд. Ба раиси Ҳизби ҷумҳуриявии кор ва адолат Александр Хижняк 1,74 дарсад, раиси Ҳизби либерал-демократии Белорус Олег Гайдукевич 2,02 дарсад ва котиби якуми Кумитаи марказии Ҳизби коммунистӣ Сергей Сиранков 3,21 дарсад овоз гирифтанд. Номзади собиқ дар интихоботи қаблӣ ва соҳибкор Анна Канопатская – 1,86 дарсад овоз гирифт. 3,60 дарсадии интихобкунандагон ба муқобили ҳамаи онҳо овоз доданд.
Кишварҳои ғарбӣ бори дигар аз эътирофи натиҷаҳои ин интихобот худдорӣ карданд. Лукашенко гуфт, ки ба эътироф нашудани интихоботи раёсатҷумҳурӣ дар кишвар аз ҷониби кишварҳои ғарбӣ “парвое надорад” ва гуфт ” табъи ҳар кас хос» аст.