Далели марги ногаҳонии вазири хориҷаи Белорус гуфта шуд, ки эҳтимол меравад аз сактаи дил мурда бошад.

Рӯзи 26-уми ноябр вазири корҳои хориҷии Белорус Владимир Макей ногаҳон даргузашт. Ба гуфтаи нашрияи «Наша Нива», Владимир Макей ҳангоми сактаи дил дар хонааш дар Дрозди Минск будааст.

«То ҷое ки маълум аст, ӯ сари вақт ба пизишкон муроҷиат накардааст, зеро вазъи худро ҷиддӣ нагирифтааст. Фардо (27 ноябр – ред.) вазири корҳои хориҷӣ бояд ба театр барои дидани намоишномаи ҳамсараш, ҳунарпеша Вера Полякова-Макей, мерафт”, – омадааст дар хабар.

Макей соли 1958 таваллуд шуда, аз моҳи августи соли 2012 раёсати вазорати хориҷаи Белорусро бар ӯҳда дошт. Қабл аз ин ӯ дар дастгоҳи президенти ин кишвар кор кардааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here