Дирӯз дар Душанбе маросими ҷоизасупорӣ ба варзишгарони беҳтарин баргузор шуд, ки дар он муовини сарвазири ҷумҳурӣ, раиси Шӯрои рушди тарбияи ҷимонӣ ва варзиши назди президент Азим Иброҳим, ноиби президенти Кумитаи миллии олимпӣ Шамсулло Соҳибов ва раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, ноиби президенти Кумитаи миллии олимпӣ Аҳтам Абдуллозода ширкат карданд.

Ҷоизаи президент имсол, аз ҷумла насиби ҷоизадорони Бозиҳои Осиё – Дилшод Назаров, Шаҳриёр Даминов, Беҳрӯз Хоҷазода, Комроншоҳ Устопириён, Шакармамад Мирмамадов, ғолибон ва ҷоизадорони чемпионатҳои ҷаҳону Осиё – Моҳру Ҳалимова, Идимоҳ Холова, Муҳаммадалӣ Абдураҳмонов, Ҷаҳонгир Маҷидов, Хайёмиддин Ҷабборов, Давлаталӣ Назаралиев, Ғаниҷон Ғаниев, Эмомризо Қурбонов, Азмуддин Ваҳҳобов, Бахтовар Ҳасанов, Ҳабибҷон Зуҳуров, Фирӯз Мирзораҷабов, Асламҷон Азизов, Раҳмонҷон Маҳмадбеков, тими футболи наврасони кишвар, Хушқадам Хусравов, Акмалиддин Каримов, Сорбон Латипов ва дигарон гардид.

Дар маросим дар баробари ҷоизаи президент ба ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ аз рӯи номинатсияҳо беҳтаринҳои соҳа эълон гардиданд:

Беҳтарин варзишгари сол (намудҳои олимпӣ)

Дилшод Назаров (ҷои дуюм дар Бозиҳои Осиё, ҷои якум дар ҷоми қораҳои IAAF, ҷойи якум дар мусобиқаи байналмилалии варзиши сабук дар Бразил, ҷои сеюм дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Лаҳистон)

Беҳтарин варзишгари сол (намудҳои ғайриолимпӣ)

Хушқадам Хусравов (қаҳрамони ҷаҳон оид ба самбо дар Бухарести Руминия)

Беҳтарин варзишгари сол миёни ҷавонон

Шаҳриёр Даминов (ҷои дуюм дар Бозиҳои Осиё, ду медали тиллои чемпионати Осиё миёни ҷавонон, ду медали биринҷӣ дар чемпионати Осиё миёни ҷавонон дар ҳайати даставӣ оид ба қайиқронӣ)

Беҳтарин варзишгарбонуи сол

Идимоҳ Холова (ҷои дуюм дар чемпионати Осиё миёни ҷавонон)

Беҳтарин дастаи мунтахаби сол

Дастаи мунтахаби футболи наврасон (U-16) (ҷои дуюм дар чемпионати Осиё)

Беҳтарин мураббии сол

Зайниддин Раҳимов (зери роҳбарии ӯ тими футболи наврасони кишвар медалҳои нуқраи чемпионати Осиёро сазовор гардида, ба чемпионати ҷаҳон-2019 дар Перу роҳхат гирифт.)

Беҳтарин федератсияи варзишии сол (намудҳои олимпӣ)

Федератсияи футболи Тоҷикистон

Беҳтарин федератсияи варзишии сол (намудҳои ғайриолимпӣ)

Федератсияи самбои Тоҷикистон

Беҳтарин шаҳр/ноҳияи варзишӣ

Шаҳри душанбе

Беҳтарин расонаи хабарии варзишӣ

ТВ “Варзиш”

Беҳтарин иншооти варзишии сол

Маҷмааи варзишии ноҳияи данғара

Беҳтарин муассисаи варзишии сол

МД “Маркази омодагии олимпии дастаҳои мунтахаб”

23 мураббӣ ва варзишгаре, ки меъёрҳои “Устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Устоди варзиши дараҷаи байналмилалии Тоҷикистон”, “Корманди шоистаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши Тоҷикистон” ва “Мураббии шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро иҷро кардаанд, бо шаҳодатномаҳо сарфароз гардиданд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь