Дар Суди шаҳри Душанбе наздики се моҳ боз муҳокимаи чор милисаи тоҷик идома дорад, ки ба шиканҷаи Ҳамза Солеҳов, як ҷавони 31-солаи пойтахт, гумонбар дониста мешаванд.

Дар курсии айбдорӣ Фарҳод Нурхонов, Аваз Сабзаев, Ирониддини Аҳлиддин ва Умед Ваҳҳобов, кормандони собиқи Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе нишастаанд.

Қабл аз боздошташон подполковник Фарҳод Нурхонов муовини сардори шуъбаи кофтукови ҷиноятӣ, подполковник Аваз Сабзаев сардори шуъбача, капитани милиса Ирониддини Аҳлиддин ваколатдори калони оперативӣ буданд ва майор Умед Ваҳобов ба ҳайси муфаттиши калон дар Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе кор мекард.

Парвандаи зидди чор маъмури милиса бар асоси шикояти сокини шаҳри Душанбе Ҳамза Солеҳов оғоз шудааст.

Дар акс Ҳамза Солеҳов. Акс аз “РО”

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь